Гармои тоқатфарсо кишварҳои Аврупоро ҳам фаро гирифт

Муддати чанд рӯз аст, ки гармии тоқатфарсо дар Олмон  сокинону сайёҳонро ранҷ медиҳад. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар кӯлу наҳрҳои ин кишвар тайи чанд рӯзи ахир 12 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, номи чанд нафари дигар то кунун дар феҳристи бедаракшудагон аст. Алҳол ҳарорати ҳаво дар ин кишвари аврупоӣ ба 40 […]

ASIA-Plus



Муддати чанд рӯз аст, ки гармии тоқатфарсо дар Олмон 


сокинону сайёҳонро ранҷ медиҳад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар кӯлу наҳрҳои ин кишвар тайи чанд рӯзи ахир 12 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, номи чанд нафари дигар то кунун дар феҳристи бедаракшудагон аст. Алҳол ҳарорати ҳаво дар ин кишвари аврупоӣ ба 40 дараҷа мерасад.

Гуфта мешавад, аз пайомадҳои гармо сокинони шаҳри Китсингени Бавария бештар азият мекашанд. Чунин гармии ҳаво дар Олмон бори охир соли 1981-ум ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки аз ҳарорати тоқатфарсо ҳамчунин аҳолии Италия низ ранҷ бурда, гармии ҳаво дар ин ҷо ба беш аз 40 дараҷа расидааст. Бо эътино ба ин ҳолат ҳукуматдорон аз сокинон даъват кардаанд, ки рӯзи худро дар ҷойҳои сояву салқин гузаронанд. Аз таъсири гармии тоқатфарсо чанд нафар дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки болоравии ҳарорати ҳаворо дар дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Франсия, Швейтсария ва Полша низ ба қайд гирифтаанд. Ба иттилои ҳавошиносон, гармии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар ин кишварҳо то охири ҳафта идома хоҳад ёфт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.