Мусодираи беш аз 270 кило маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон

Ахири ҳафтаи сипаришуда марзбонони тоҷик аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд. Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаби 5 ба 6 июл соати 01:00 шаб дар асоси маълумотҳои фаврӣ наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда марзбонони тоҷик аз интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд.

Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаби 5 ба 6 июл соати 01:00 шаб дар асоси маълумотҳои фаврӣ наряди сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар яке аз дидбонгоҳҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 10-13  нафарро зимни убури ғайриқонунии хати сарҳад мебинанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шудан, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди дарозмуддат  ба вуқӯъ омада, сарҳадбонони тоҷик муқовимати шадид нишон додааанд.

«Дар натиҷа чанд нафар аз қочоқчиён захмӣ ва ду нафар кушта шуда, боқимонда бо истифода аз торикии шаб  тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон ақибнишинӣ карданд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 270 кг маводи мухаддири  чарс мусодира ва  ду ҷасади қочоқчии 35-40-солаи афғон дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон аз тарафи мақомотҳои дахлдори КДАМ ҶТ оид ба ҳодисаи мазкур  тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.