Вазорати тандурустӣ аз куҷо шудани 116 ҳазор $ воситаҳои Бунёди глобалӣ хабар надорад

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз куҷо сарф шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД хабар надорад. «Агар мо ба ин кор даст медоштем, баъди он ба мо боз 35 млн. доллари ИМА воситаҳои грантӣ ҷудо намекарданд», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз куҷо сарф шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД хабар надорад.

«Агар мо ба ин кор даст медоштем, баъди он ба мо боз 35 млн. доллари ИМА воситаҳои грантӣ ҷудо намекарданд», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода.

Дар идома вазир ба журналистон тавсия дод, ки «аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумат бипурсед, ки ин пулҳо куҷо шудаанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 июн президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сохторҳои дахлдор талаб кард, ки бо кадом мақсадҳо харҷ шудани 116 ҳазор доллари ИМА воситаҳои Бунёди глобалӣ барои мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД-ро шарҳ диҳанд.

Қобили зикр аст, ки санаи 13 май Дафтари бозрасии кулли Амрико (Office of Inspector General – OIG)  баъд аз як тафтиш Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро

ба сохтакорӣ дар ҳисоботи молиявӣ ва эҳтимоли тақаллуб

айбдор кард.

Бозрасонон иттилоъ доданд, ки  ҳангоми тафтиши иҷрои як тарҳи мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД, ки онро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон татбиқ мекард, аломатҳои тақаллуб ва сохтакорӣ ошкор шудаанд. Ба гуфтаи онҳон, аз ҳисоби бештар аз 300 000 долларе, ки Бунёди глобалӣ аз тариқи тақсимкунандаи асосии кӯмакҳо – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҷавонон додааст, дар сарфи 116 726 доллари он сохтакорӣ сурат гирифтааст.

Намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Душанбе дар шарҳи гузориши ОIG-ро изҳор дошт, ки баъд аз ошкор шудани қонуншиканиҳо дар истифодаи кӯмакҳои молии Бунёди глобалӣ, UNDP ин масъаларо бисёр ҷиддӣ гирифт ва аз ин ба баъд робитаро бо дарёфткунандаи кӯмакҳо (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ) қатъ мекунад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.