Вазорати тандурустӣ: Чоргоникҳои сокини Панҷакент зинда намонданд

Чоргоникҳое, ки рӯзи 22 май дар таваллудхонаи №1-и пойтахт сокини шаҳри Панҷакент Субҳия Норинова ба дунё овард, зинда намонданд. Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон, кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки як писару се духтарча ноқис (чала) […]

Мавзуна Абдуллоева



Чоргоникҳое, ки рӯзи 22 май дар таваллудхонаи №1-и пойтахт сокини шаҳри Панҷакент Субҳия Норинова ба дунё овард, зинда намонданд.

Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарон, кӯдакон ва банақшагирии оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки як писару се духтарча ноқис (чала) ба дунё омада, барои зинда мондан имкон надоштанд.

«Онҳо хеле камвазн ба дунё омада, тифли якум – 1 кг 110 грамм, дуюм – 1 кг 340 грамм, сеюм – 1 кг 100 грамм ва чорум – 1 кг 150 грамм вазн доштанд», – гуфт Ш.Раҳматуллоев.

Намояндаи Вазорати тандурустӣ қайд кард, ки чоргоникҳои рӯзи 4 феврали соли равон дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушода дар оилаи сокини 26-солаи ноҳияи Ёвон Гулшан Маҷнунова худро хеле хуб ҳис мекунанд.

Қобили зикр аст, ки тавалуди чоргоникҳо дар Тоҷикистон аҳёнан рух дода, дар гузашта аксаран сегоникҳо таваллуд шудаанд. Дар робита ба таваллуди чоргоникҳо президенти Тоҷикистон ба оилаи Гулшан Маҷнунова манзили сеҳуҷрагӣ ҳадя намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.