Э.Раҳмон ба унвони профессори фахрии Донишгоҳи Уфа қадршиносӣ шуд

Дар Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфаро […]

ASIA-Plus



Дар Бошқирдистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Донишгоҳи нафтию техникии Уфа ташриф оварда, бо устодону донишҷёни ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Русия мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози вохӯрӣ ректори донишгоҳ Рамил Бахтизин пас аз маросими пазироию хайра мақдам сухан гуфта, қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи нафтию техникии Уфаро дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “профессори фахрӣ” қироат намуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки “Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар рушди муносиботи ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ ва мусоидати фаъол ба густариши робитаҳои илмию таҳсилотӣ ба чунин қадрдонии олӣ ноил мегардад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ректори Донишгоҳи нафтию техникии Уфа Рамил Бахтизин ва аъзои Шӯрои илмии донишгоҳ барои чунин қадршиносии баланд арзи сипос намуда, ба онҳо комёбию дастовардҳои нав дар роҳи рушди илму таҳсилот ва таҳкими робитаҳои анъанавии Тоҷикистону Русия таманно кард.

Сарвари давлат ҳамчунин ба донишҷӯёни тоҷики дар ин донишгоҳи обрӯманд таҳсилкунанда муроҷиат намуда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илму техникаи муосири соҳаи ҷустуҷӯй, истихроҷ ва коркарди нафт, ки барои ояндаи Тоҷикистон басо муҳим аст, ҳидоят кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.