Обама ба Сенат номзадии сафири нави ИМА дар Тоҷикистонро пешниҳод кард



Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама номзадии Элизабет Миллардро барои тасдиқ ба вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кохи Сафед иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, Элизабет Миллард айни замон ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Департаменти давлатии ИМА ифои вазифа мекунад.

Ба иттилои манбаъ, Элизабет Миллард қаблан дар намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Қазоқистон, Непал ва Ҳиндустон фаъолият доштааст.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону ИМА моҳи феврали соли 1992 роҳандозӣ шуда, феълан сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мебошад. 

spot_imgspot_img

Популярное