Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Уфаи Федератсияи Русия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёварони президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эркинхон Раҳматуллозода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан бо истинод ба як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ
дар ин робита иттилоъ дода будем,
ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 9-11 июл дар шаҳри Уфаи Русия доир мегардад, иштирок ва суханронӣ мекунад.



