ҲНИТ изҳороти Прокуратураи генералиро ба воқеъият созгор намеҳисобад



Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 9 июл дар робита ба

изҳороти Прокуратураи генералии Тоҷикистон

, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” ба нашр расид,

изҳорот интишор намуд.

Прокуратураи генералӣ муроҷиати ҳизб ба СММ, САҲА ва Итиҳоди Аврупоро «ғайриқонунӣ» унвон кард.

Бино ба маълумоти торнамои расмии ҳизб, Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ҷаласаи изтирории худ изҳороти Прокуратураи генералӣ “оид ба муроҷиати ғайриқонунии ҲНИТ”-ро баррасӣ намуда, онро дастурӣ ва моломол аз ғаразҳои сиёсӣ дониста, ба воқеъият созгор намеҳисобад ва Инчунин тазаккур медиҳад, ки Прокуратураи генералӣ ҳамчун ниҳоди ҳуқуқӣ салоҳияти додани чунин баҳои сиёсиро дар масъала надошт.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки вақте талошҳои ҳизб барои пайдо кардани роҳи ҳал дар дохили кишвар, аз ҷумла зимни муроҷиат ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Суди Олӣ ва дар ниҳоят ба Президенти ҶТ ҷиҳати расидагӣ ба таъқибҳову фишорҳои ғайриқонуниву ғайриахлоқии мақомот болои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб натиҷаи мусбат надод, Раёсати Олии ҲНИТ бо дастрасӣ ба моддаҳои 10 ва 14 Конститутсияи ҶТ водор шуд, то бо номае ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил муроҷиат намояд ва онро иқдоми истисноӣ ва ҳаққи қонунии худ медонад.

Гуфта мешавад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва расонаҳои ҳукуматӣ тайи солҳои ахир танҳо аз боби қонуншиканиҳои аъзои ҲНИТ садо баланд мекунанд, дар ҳоле ки мувофиқи изҳороти Прокуратураи генералӣ дар 5 соли ахир ҳамагӣ 45 ҷинояти аъзои ҳизб ба қайд гирифта шудааст.

Дар робита ба аз ҷониби ҳукумат айбдор кардани раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳор медорад: «Раиси ҲНИТ ин иншоотро, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ ба фурӯш гузошта шуда буд, дар биржаи фурӯши амволи давлатӣ бо роҳи қонунӣ харидорӣ намуда, ҳанӯз соли 1999 онро ба дигар ашхос ҳадя карда буд. Агар соҳибмулкони баъдии иншоот, ки алҳол зери фишори мақомот қарор доранд, солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини тааллуқдошта ба иншоотро фурӯхта бошанд, он ба М. Кабирӣ чӣ рабт дорад?».

«Мехоҳанд шароитро тарзе вонамуд бисозанд, ки ҲНИТ дар аксари шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро қатъ кардааст ва замина барои бардоштани масъала ба мақомоти судӣ муҳайё гаштааст. Ин як амали ғайриқонунӣ, ғайривоқеъӣ ва ғайриахлоқӣ мебошад, ки рақибони мо пеш гирифтаанд, – омадааст дар изҳорот. – Бо назардошти ин вазъият, Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ дар бораи аризаҳои бо роҳи фишор ҷамъоваришуда ва қатъи иҷбории фаъолияти бахшҳо ва шуъбаҳои ҳизб дар саросари кишвар аз тарафи мақомот қарор қабул кард, ки аризаҳо беэътибор ва бастани ниҳодҳои ҳизбӣ ғайриқонунӣ буда, асоси ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамзамон, Шӯрои сиёсии ҲНИТ эълон медорад, ки фаъолияти ҲНИТ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо тибқи қонунгузории кишвар ва Оинномаи ҳизб идома дорад».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8 июл Прокуратураи генералии Тоҷикистон муроҷиати Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои байналмилалӣ ва роҳбарони кишварҳои кафилро амали ҳангомаҷӯёна унвон кард.

spot_imgspot_img

Популярное