Талаби боз 25 соли дигари зиндон ба Зайд Саидов

Дар мурофиаи додгоҳии парвандаи марбут ба ҷиноятҳои иқтисодии соҳибкор Зайд Саидов, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҷараён дорад, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ӯ боз ба 25 соли дигари зиндон ва пардохти ҷарима ба маблағи 34 млн. сомонӣ  ва ҳамчунин мусодираи тамоми амволаш маҳкум карда шавад. Хешону наздикони соҳибкор ба «Азия-Плюс» […]

Мавзуна Абдуллоева



Дар мурофиаи додгоҳии парвандаи марбут ба ҷиноятҳои иқтисодии соҳибкор Зайд Саидов, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҶТ ҷараён дорад, айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки ӯ боз ба 25 соли дигари зиндон ва пардохти ҷарима ба маблағи 34 млн. сомонӣ  ва ҳамчунин мусодираи тамоми амволаш маҳкум карда шавад.

Хешону наздикони соҳибкор ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъдоданд, ки ба Зайд Саидов ҳамчун айбномаи асосӣ тақаллубкории ҳуҷҷатҳо дар сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» ва ғайриқонунӣ хусусигардонии ҶСК «Тоҷикатлас» замони вазири саноати ҷумҳурӣ будани ӯ пешниҳод шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июн дар мурофиаи додгоҳии парвандаи соҳибкор Зайд Саидов, собиқ вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ ва ҳамчунин собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Матлубхон Давлатов 

ба сифати шоҳидон баёнот доданд.

Исҳоқ Табаров, адвокати Зайд Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Гул Шералӣ ва Матлубхон Давлатов ба ҳимояи манфиатҳои соҳибкор баёнот дода, аз ҷумла Гул Шералӣ изҳор намудааст, ки хусусигардонии корхонаҳои «Тоҷиказот» ва «Гулистон» дар доираи қонун бо қарори ҳукумат сурат гирифтааст

Аввалҳои моҳи апрели соли равон зимни мурофиаи судӣ оид ба баррасии «парвандаи иқтисодӣ»-и Зайд Саидов, соҳибкор аз айбдоркунандаи давлатӣ дархост намуда буд, ки 

гуноҳи ӯро ҳадди ақал аз рӯйи як айбномаҳои

пешниҳодшуда исбот кунанд.

Ёдрас мекунем, ки соҳибкор Зайд Саидов 19-уми майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари хидматӣ аз Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд. Санаи 25-уми декабри соли 2013 Суди олии Тоҷикистон тоҷир ва собиқ вазири саноати кишвар Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, серзанӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ муттаҳам дониста шуд.

Моҳи июли соли гузашта дар парвандаи Зайд Саидов айбномаҳои нав – азхудкунии воситаҳои буҷет зимни сохтмони маҷмааи «Душанбе-Плаза» тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо пайдо шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.