Натиҷагирӣ аз сафари омӯзишӣ ба Итолиё ва хотимаи марҳалаи лоиҳаи ИА

Намоиши натиҷаҳои гузаштаи амали лоиҳа – сафари омӯзишӣ ба Италия, имкониятҳои бозори савдои боадолати Аврупо, стратегияи нави рушди лоиҳа, намоиши ҳунармандон дар Душанбе. Ин ва дигар саволҳо дар мизи мудаввар, ки дар маркази Исмоилия бо иштироки ҳунармандон, ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои соҳибкории миёнарав муҳокима карда шуд. Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Намоиши натиҷаҳои гузаштаи амали лоиҳа – сафари омӯзишӣ ба Италия, имкониятҳои бозори савдои боадолати Аврупо, стратегияи нави рушди лоиҳа, намоиши ҳунармандон дар Душанбе. Ин ва дигар саволҳо дар мизи мудаввар, ки дар маркази Исмоилия бо иштироки ҳунармандон, ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои соҳибкории миёнарав муҳокима карда шуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, сафари омӯзишӣ ба Италия ба иттифоқи ҳунармандон имконияти муҳокимаи андешаҳо, таъмини тамос бо харидорони эҳтимолӣ ва таҷрибаи дар тӯли 8 рӯзи сафар гирифтаро дод. Муҳокимаи ғайрирасмӣ намунаҳои аврупоиро муайян намуд, ки дар онҳо дар соҳаи ҳунармандӣ ва соҳибкории хурди Тоҷикистон метавонанд бомуваффақият истифода шаванд.

Ин сафари омӯзишӣ, инчунин мизи мудаввар, қисми лоиҳаи дусолаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ бо ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” мебошанд, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Сentral Asia Invest маблағгузорӣ мешавад.

Ассотсиатсияи соҳибкории хурд ва миена, ки инчунин қисми лоиҳа мебошад, ба иштироккунандагон феҳристи нави худ, ки махсусан барои ҳунармандон ба чоп расидааст, пешниҳод кард, ва дар он маълумот оиди андозсупорӣ, қарзгирӣ ва оиди кушодани тиҷорати худ оварда шудааст.

Лоиҳа инчунин аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии Cesvi дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ду давлати Осиёи Марказӣ, барои кӯмак расонидан дар рушди бахши хусусӣ, махсусан ҳунармандӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ карда шуда истодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.