Ифтитоҳи намоишгоҳи “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” дар Белгия

Рӯзи 8 июли соли 2015 дар намоишхонаи марказии ш.Брюггеи Шоҳигарии Белгия бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ва таҳти сарпарастии Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат (ш.Брюгге) Владимир Чикин маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” баргузор гардид. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, намоишгоҳ то 22 июл давом медиҳад. Боиси зикр […]

ASIA-Plus



Рӯзи 8 июли соли 2015 дар намоишхонаи марказии ш.Брюггеи Шоҳигарии Белгия бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ва таҳти сарпарастии Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат (ш.Брюгге) Владимир Чикин маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, намоишгоҳ то 22 июл давом медиҳад. Боиси зикр аст, ки маводҳои намоишгоҳи мазкур дар рафти сафари эҷодии В.Чикин ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон омода шуданд.

Дар маросими кушодашавӣ роҳбарият ва сокинони ш.Брюгге, намояндагони корпуси дипломатии муқими ш.Брюссел, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, воситаҳои ахбори омма, фаъолон ва аъзои диаспораи тоҷик, инчунин сайёҳони сершумор аз кишварҳои гуногун ҳузур доштанд.

Дар назди ҳозирин Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ва Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат Владимир Чикин бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд. 

 Ҳадафи намоишгоҳ – муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият дар роҳи рушди дунявӣ ва демократӣ, ҷанбаҳои асосии табиати нодир ва зебоманзари он, бинову иншооти тамошои меъморӣ, таърихӣ ва муосири ш.Душанбе ва мавзеъҳои наздишаҳрӣ бо иштироки гурӯҳи балетии Театри давлатии академии Опера ва Балети ба номи Садриддин Айнӣ буд, ки имсол 75-солагии худро қайд мекунад. Дар ҳошияи чорабинӣ ҳамчунин навори видеоии махсус омодашуда дар бораи мавзеъҳои тамошои пойтахти кишвар ш.Душанбе намоиш дода шуд.  

Сафорат дар якҷоягӣ бо Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат нақша дорад намоишгоҳи мазкурро дар ш.Брюссел, Намур, Гаага, инчунин дар мақарри созмонҳои байналмилалӣ доир намояд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.