Иштироки Э.Раҳмон дар мулоқоти сарони кишварҳои БРИКС, СҲШ ва ИИАО

Бегоҳии рӯзи 9 июл дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо”, баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат хотиррасон […]

ASIA-Plus



Бегоҳии рӯзи 9 июл дар шаҳри Уфа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ), СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), ки дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани некуаҳволии мардумони кишварҳои мо”, баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат хотиррасон мешавад, ки дар як вақт ва як ҷо ба ҳам омадани сарони давлатҳои аъзои ин 3 созмон бори нахуст сурат мегирад.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилу монеаҳои глобалӣ, ки садди роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мегарданд, ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки  монеаи асосӣ дар ин роҳ амиқ рафтани бӯҳрони озуқаворӣ, энергетикӣ, молиявию иқтисодӣ ва ҳамчунин гармшавии иқлими сайёра мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон бунёди манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ, рушди иқтисоди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, ки маъмулан иқтисоди сабзаш меноманд ва ҳамчунин фаъолияти бемонеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва ҳамлу нақли миллию минтақавиро аз шартҳои асосии рушди устувори ҷаҳонӣ номид.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳое, ки дастрасии мустақим ба роҳҳои баҳрӣ надоранд, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор басо мушкил аст. Аз ин хотир, таъкид гардид, ки дастгирии кӯшишҳои чунин кишварҳо дар самтҳои бунёди зербинои муосири ҳамлу нақли миллию минтақавӣ, диверсификатсияи иқтисод ва робитаҳои байналмилалӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои асосӣ бошанд.

Умуман суҳбати ғайрирасмии сарони давлатҳои ин 3 созмони бонуфуз дар фазои дӯстию созандагӣ ҷараён гирифт. Зимни бисёр андешарониҳо, аз ҷумла изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо паёмадҳои наку хоҳанд дошт.

Ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай низ имрӯз 10уми июл дар ҳамин ҷо баргузор хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.