Ифтитоҳи намоишгоҳи “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” дар Белгия



Рӯзи 8 июли соли 2015 дар намоишхонаи марказии ш.Брюггеи Шоҳигарии Белгия бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ва таҳти сарпарастии Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат (ш.Брюгге) Владимир Чикин маросими ифтитоҳи намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Балет ва шаҳр: Тоҷикистон” баргузор гардид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, намоишгоҳ то 22 июл давом медиҳад. Боиси зикр аст, ки маводҳои намоишгоҳи мазкур дар рафти сафари эҷодии В.Чикин ба Тоҷикистон моҳи майи соли равон омода шуданд.

Дар маросими кушодашавӣ роҳбарият ва сокинони ш.Брюгге, намояндагони корпуси дипломатии муқими ш.Брюссел, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, воситаҳои ахбори омма, фаъолон ва аъзои диаспораи тоҷик, инчунин сайёҳони сершумор аз кишварҳои гуногун ҳузур доштанд.

Дар назди ҳозирин Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев ва Президенти Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат Владимир Чикин бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад намуданд. 

 Ҳадафи намоишгоҳ – муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои истиқлолият дар роҳи рушди дунявӣ ва демократӣ, ҷанбаҳои асосии табиати нодир ва зебоманзари он, бинову иншооти тамошои меъморӣ, таърихӣ ва муосири ш.Душанбе ва мавзеъҳои наздишаҳрӣ бо иштироки гурӯҳи балетии Театри давлатии академии Опера ва Балети ба номи Садриддин Айнӣ буд, ки имсол 75-солагии худро қайд мекунад. Дар ҳошияи чорабинӣ ҳамчунин навори видеоии махсус омодашуда дар бораи мавзеъҳои тамошои пойтахти кишвар ш.Душанбе намоиш дода шуд.  

Сафорат дар якҷоягӣ бо Бунёди авруосиёгии дастгирии санъат нақша дорад намоишгоҳи мазкурро дар ш.Брюссел, Намур, Гаага, инчунин дар мақарри созмонҳои байналмилалӣ доир намояд. 

spot_imgspot_img

Популярное