Зимни сафари расмии аввалини нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди ба Тоҷикистон (12 – 13 июл) ӯ дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи ҳамватани маъруфи худ – шоир, оҳангсоз, мусаввир, арбоби давлатӣ ва дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Робиндронатху Тхакуру (1861 – 1941) ширкат меварзад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ин маросим, ки рӯзи 13 июл дар паҳлӯи бинои сафорати Ҳиндустон дар Душанбе доир мегардад, дар қатори Нарендра Моди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур хоҳад дошт.
Ёдрас мекунем, ки соли 2003 зимни сафари расмии наухствазир онвақтаи Ҳиндустон Атала Бхари Ваҷпая дар паҳлӯи бинои сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон нимпайкараи ходими маъруфи сиёсии ҳинд Мҳатма Гандӣ қомат афрохта буд.
Ҳамчунин мебояд зикр кард, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон соли 2001 ба ифтихори шоири шинохтаи форсу тоҷик Мирзо Абдулқодир Бедил (1644 – 1720), ки дар қаламрави Ҳиндустон кору эҷод мекард, лавҳаи хотира гузошта шуда буд.



