Фармондеҳони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қирғизистон Раимбердӣ Дуйшенбиев рӯзи 9 июл дар Исфара протоколи муштарак ба имзо расониданд, ки мутобиқи он ҷонибҳо ба роҳ надодан ба оташкушоӣ аз силоҳ дар сурати рух додани ҳодисаҳои ғайриинтизор дар марзи ҳарду кишвар уҳдадор шуданд.
Тавре як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ҷонибҳо уҳдадор шудаанд, ки аз силоҳи оташфишон нисбати шаҳрвандони мулкӣ ва кормандони сохторҳои қудратии машғул ба адои хизмат дар марз истифода накунанд.
Ёдрас мекунем, ки аз 7 то 10 июл намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба муноқишаи рухдода дар марзи ҳарду давлат рӯзи 6 июл, ки бар асари он шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон захми марговар гирифт, гуфтушунид доштанд. Ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати ҳаллу фасли ин масъала шоми рӯзи 6 июл ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд
раҳсипор шуда буд.
Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил дода, 567 километри он (ҳудуди 60 қитъа) дар сатҳи ҳайатҳои давлатӣ таъйину аломатгузорӣ ва тасдиқ шудааст. Дар 58 қитъаи боқимондаи баҳсноки марз гоҳ-гоҳ бо истифода аз силоҳ муноқишаҳо рух медиҳанд.
Масалан, 10 июли соли 2014 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон якбора 2 муноқишаи мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 7 шаҳрванд ва 3 марзбони Тоҷикистон захмӣ ва баъдан 1 тан аз шаҳрвандон ҳалок шуда, як марзбони қирғиз низ осеб дид.
Ахири моҳи марти соли 2015 марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ ҳосил карда буданд, ки бидуни таҳдиди бевосита ба амнияи давлатҳо, дигар алайҳи шаҳрвандон аз силоҳ истифода намекунанд.



