Маҳбуси фирорӣ аз зиндони Қӯрғонтеппа ҳамсараш ва хоҳари ӯро куштанӣ буд

Маҳбуси фирорӣ аз зиндони Қӯрғонтеппа ҳамсараш ва хоҳари ӯро куштанӣ буд. Тавре» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс дар ин робита иттилоъ дод, маҳбус Баҳрулло Шарифов, ки рӯз 4 июл аз муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа гурехта буд, иқрор шудааст, ки бо мақсади куштани ҳамсараш ва хоҳарӣ ӯ аз зиндон фирор кардааст. […]

Сайраҳмон Назриев



Маҳбуси фирорӣ аз зиндони Қӯрғонтеппа ҳамсараш ва хоҳари ӯро куштанӣ буд.

Тавре» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба «Азия-Плюс дар ин робита иттилоъ дод, маҳбус Баҳрулло Шарифов, ки рӯз 4 июл аз муассисаи ислоҳии шаҳри Қӯрғонтеппа гурехта буд, иқрор шудааст, ки бо мақсади куштани ҳамсараш ва хоҳарӣ ӯ аз зиндон фирор кардааст.

Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, нисбат ба маҳбуси фирорӣ прокуратура мутобиқи моддаҳои 244 (Дуздӣ) ва 365 (Гурехтан аз муассисаҳои ислоҳӣ ё аз ҳабс)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, нисбат ба кормандони муассисаи ислоҳӣ, аз ҷумла сардори муассиса низ парвандаҳо боз шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 июл як маҳбуси зиндони шаҳри Қӯрғонтеппа, маҳкумшуда ба 23 соли зиндон барои одамкушӣ

бо истифода аз автомашинаи сардори муассиса рӯ ба гурез ниҳод.

Ӯ дар муассисаи ислоҳии низомаш шадид адои ҷазо намуда, соли 2005 барои ғоратгарӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, соли 2014 мавриди афв қарор гирифта буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.