Паҳнкунии варақаҳо оид ба хатари Давлати исломӣ дар масҷиди марказии Душанбе

Ҳангоми намози ҷумъаи рӯзи 10 июл дар масҷиди марказии Душанбе варақаҳо дар бораи хатари Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) паҳн карда шуданд. Се навъи варақаҳо «ДИИШ: ҷиҳод ё қатли мусалмонон», «Исломи ҳақиқӣ ва созмонҳои террористӣ» ва «Ҷиҳод ҳифзи кишвар, сулҳ ва амният» ном доштанд. Да варақаҳо гуфта мешавад, касоне, ки имрӯз ба ҷиҳод даъват мекунанд, […]

Меҳрангез Турсунзода



Ҳангоми намози ҷумъаи рӯзи 10 июл дар масҷиди марказии Душанбе варақаҳо дар бораи хатари Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) паҳн карда шуданд.

Се навъи варақаҳо «ДИИШ: ҷиҳод ё қатли мусалмонон», «Исломи ҳақиқӣ ва созмонҳои террористӣ» ва «Ҷиҳод ҳифзи кишвар, сулҳ ва амният» ном доштанд.

Да варақаҳо гуфта мешавад, касоне, ки имрӯз ба ҷиҳод даъват мекунанд, шахсоне мебошанд, ки ватанро аз барои пул фурӯхтаанд ва агар имрӯз онҳо дар Сурияву Ироқ набард кунанд, фардо дар Амрикову Аврупо пайдо хоҳанд шуд.

«Барои пул онҳо ба Тоҷикистон хиёнат карданд ва мардумро ба доми марг кашиданианд. Дар видео наворе пахш шуд, ки дар он яке аз чунин хиёнаткорон ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, вале агар ба симои ҳақиқии ӯ таваҷҷуҳ шавад, мебинем, ки ин як худобехабар аст, ки ба Ислом ҳеҷ муносибате надорад», – баён мегардад дар варақаҳо.

Муаллифон аз он изҳори таассуф мекунанд, ки чанде аз ҷавонон ба ваъдаҳои хиёнаткорон бовар карда, ба ҷанг мераванд ва мардуми осоиштаро дар Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон, Либия ва Яман ба қатл мерасонанд.

Дар робита ба фаъолияти ДИИШ муаллифон чӣ гуна дар қаламрави халифат амал доштани бозори фурӯши ғуломҳоро қайд мекунанд: «Он ҷо мусалмонҳоро ҳамчун ҳайвон хариду фурӯш мекунанд».

Дар варақаҳо хотиррасон мешавад, ки 20 январи соли 2015 барои тамошои бозии футбол 13 кӯдак ба қатл расонида шуда, моҳи феврал дар Мосул китобхона ба коми оташ кашида шуда, беш аз 10 ҳазор китобҳои нодир нобуд карда шуданд.

Гуфта мешавад, ДИИШ занони ҷанговарро таълим додаву омода ва ба қисматҳои душвортарини ҷанг сафарбар менамояд, кӯдаконро бошад, ба куштани асирон маҷбур месозад. Моҳи декабри соли 2014 ҷангиён 150 нафар занонро ба қатл расониданд, чунки онҳо иштирок дар ҷиҳоди фаҳшо (секс)-ро рад карда буданд.

«Мо ба рӯйдодҳо дар Шарқи Наздик бетараф буда наметавонем, зеро онҳо ба кишвари мо ҳам хатар эҷод мекунанд», – зикр мегардад дар варақаҳо.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.