Газетаи маъруфи туркии «Миллиёт» (Milliyet) иттилоъ медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар автовокзали назди марз бо Сурия мақомоти амнияти Туркия 25 шаҳрванди хориҷиро боздошт намудаанд, ки ба Сурия раҳсипор будаанд.
Бино ба маълумоти нашрия, аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки бо аҳли оилаашон сафари Сурия доштаанд.
Зимни бозпурсӣ бархе аз боздоштшудагон изҳор доштаанд, ки ба Сурия ба муҳоҷират мераванд ва чандеи дигар иқрор шудаанд, ки ба он ҷо барои пайвастан ба сафҳои ДИИШ сафар доштаанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи бозоштшудагон баъди муоинаи тиббӣ дар тавқифгоҳи муваққатии зиддитеррористии мақомоти пулис ҷойгир шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ба кишварҳои будубоши доимиашон истирдод хоҳанд шуд.



