Оғози сафари давлатии нахуствазири Ҳиндустон ба Тоҷикистон

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди шоми 12 июл бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд. Зимни нахустин сафари давлатӣ ба Тоҷикистон Нарендра Моди имрӯз, 13 июл бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди шоми 12 июл бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олимақомро нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Зимни нахустин сафари давлатӣ ба Тоҷикистон Нарендра Моди имрӯз, 13 июл бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Дар гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуда, баимзораисии як қатор созишномаҳо дар назар аст.

Зимни ин сафар Нарендра Моди ҳамчунин дар

маросими пардабардорӣ

аз нимпайкараи ҳамватани маъруфи худ – шоир, оҳангсоз, мусаввир, арбоби давлатӣ ва дорандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Робиндронатху Тхакуру (1861 – 1941) дар Душанбе низ ширкат меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.