Нахуствазир Моди иҷораи фурудгоҳи «Айнӣ»-ро дархост мекунад?

Зимни вохӯрии имрӯза бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди аз ӯ дархост хоҳад кард, ки ба кишвараш фурудгоҳи «Айнӣ ба иҷора дода шавад. Ин фурудгоҳ бо кумаки молӣ ва техникии Хиндустон таҷдиду азнавсозӣ шуда, аввали моҳи сентябри соли 2010 расман ба истифода дода шуд. Дар ин бора ВАО-и Ҳиндустон иттилоъ медиҳанд. Нашрияи […]

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии имрӯза бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди аз ӯ дархост хоҳад кард, ки ба кишвараш фурудгоҳи «Айнӣ ба иҷора дода шавад. Ин фурудгоҳ бо кумаки молӣ ва техникии Хиндустон таҷдиду азнавсозӣ шуда, аввали моҳи сентябри соли 2010 расман ба истифода дода шуд. Дар ин бора ВАО-и Ҳиндустон иттилоъ медиҳанд.

Нашрияи Mail Today рӯзи 12 июл бо истинод ба сарчашмаи худ дар ҳукумати Ҳиндустон дар ин робита хабар додааст, ки бар асари фишори Русия, Деҳлӣ фурудгоҳи аз ҳисоби худаш навсозишударо ба иҷора гирифта наметавонад.

«Барои мо бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст. Дар масъалаи фурудгоҳи низомии «Айнӣ» қабл аз ҳама Тоҷикистону Русия бояд ба мувофиқа расанд», – зикр кардааст дар мусоҳиба ба Mail Today маршали ҳиндӣ Прадил Васант Найк.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи «Азия-Плюс» дар ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ин масъала қайд кард, ки зимни сафари Ноди ба Душанбе ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои амнияту омодакунии кадрҳои ҳарбӣ барои Тоҷикистон дар мактабҳои олии Ҳиндустонро баррасӣ карда, «аммо баррасии масъалаи фурудгоҳи «Айнӣ» дар назар нест».

Як манбаъи «Азия-Плюс» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуд, ки боздиди нахуствазири Ҳиндустон аз фурудгоҳи «Айнӣ» аз эҳтимол дур нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.