АНМН: Мусодираи ҳудуди 200 кило маводи мухаддир

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се шабонарӯзи гузашта се ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ошкор намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 191 кг 948 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 98 кг 658 гр афюн, […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се шабонарӯзи гузашта се ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ошкор намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ 191 кг 948 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 98 кг 658 гр афюн, 76 кг 985 гр бангдона ва 16 кг 305 гр ҳашиш мусодира гардид.

Гуфта мешавад, барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур 2 нафар дастгир гардида, барои дастгир намудани боз ду шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Афғонистон, ки ба содир намудани ҷиноятҳои мазкур даст доранд, чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.