Таҷрибаи нахусти инноватсияҳо барои тағйирот

Дар доираи лоиҳаи «Иноватсияҳо барои тағйирот» аз 27 июн то 11 июл дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо доир гардиданд. Муддати 2 ҳафта 14 нафар донишҷӯи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва макотиби олии хориҷӣ ва ҳамчунин хатмкардагони барномаи FLEX, ки аз ҷониби Департаменти давлати ИМА сарпарастӣ мешавад, бо асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва механизмҳои дастгирии давлатӣ шинос шуда, дар машғулияту […]

Акмал Маннонов



Дар доираи лоиҳаи «Иноватсияҳо барои тағйирот» аз 27 июн то 11 июл дар шаҳри Душанбе чорабиниҳо доир гардиданд.

Муддати 2 ҳафта 14 нафар донишҷӯи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва макотиби олии хориҷӣ ва ҳамчунин хатмкардагони барномаи FLEX, ки аз ҷониби Департаменти давлати ИМА сарпарастӣ мешавад, бо асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва механизмҳои дастгирии давлатӣ шинос шуда, дар машғулияту тренингҳо иштирок карданд ва бо соҳибкорони ҷавони муваффақ вохӯриҳо доир намуданд.

Муаллиф ва роҳбари лоиҳа Илҳом Алиев дар ин робита изҳор намуд, ки ин таҷрибаи нахусти рушди мафҳуми соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон буда, ғайр аз ин, бори аввал ба донишҷӯён имкон дода шуд, ки андешаҳои инноватсионии худро барои UNDP ва ширкати Tcell баён доранд. «Лоиҳаи «Инноватсияҳо барои тағйирот» бо дастгирии сафорати ИМА, БРСММ (UNDP) ва ширкуати Tcell созмон дода шуд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, лоиҳаи мазкур барои Тоҷикистон нодир буда, андешаи соҳибкории иҷтимоӣ ва инноватсияҳо дар кишвар ба таври кофӣ инъикос намешавад.

Роҳбари лоиҳа Илҳом Алиев бар ин назар аст, ки ин намунаи хеле хуби шарикии бахшҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ аст, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҷавонон бевосита иштирок мекунанд. «Лоиҳаи мазкур зинаи аввал дар роҳи машғул шудан ба тиҷорат аст», – иброз дошт роҳбари лоиҳа.

Дар маросими анҷоми лоиҳа ба иштирокчиёни он серификатҳои гузаштан аз давраи омӯзишӣ тибқи барномаи «Иноватсияҳо барои тағйирот» супурда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.