Вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон 2 баробар афзуд

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта шумори вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ қариб 2 баробар афзуд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон беш аз 147 ҳазор сайёҳон аз 69 кишвари дунё аз Тоҷикистон боздид намудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта шумори вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ қариб 2 баробар афзуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, нимсолаи аввали соли равон беш аз 147 ҳазор сайёҳон аз 69 кишвари дунё аз Тоҷикистон боздид намудаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки давоми моҳҳои январ-июни соли 2014 ҳамагӣ ҳудуди 74 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо раводидҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар бозори сайёҳии Тоҷикистон 90 ширкат амал мекунанд, ки 60-тоашон ба корҳои ташкили сафари шаҳрвандони кишвар ба хориҷа ва 30-тоашон ба сафари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ машғуланд.

Зимнан зикр гардид, ки феълан сомонаи сайёҳии «Сафари Тоҷикистон» таҳия мегардад, ки дар он бобати 25 макони беҳтарини сайёҳии Тоҷикистон тамоми маълумоти зарурӣ дарҷ меёбад ва ин саҳифаи интернетӣ то ахири моҳи равон фаъол хоҳад шуд.

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки айни замон дар 10 мактаби олии Тоҷикистон мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.