Таркишҳо дар Бағдод 40 қурбонӣ дар пай гузошт

Силсилатаркишҳои шадид дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Бағдоди Ироқ 40 қурбониву 80 захмӣ дар пай гузошт. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», инфиҷори аввал дар наздикии гузаргоҳи назоратии кормандони мақомоти полис дар митнақаи Адан ба вуқӯъ пайваста, бар асари ин ҳодиса 3 нигаҳбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҳалок ва 23 тани дигар бо ҷароҳатҳои […]

ASIA-Plus



Силсилатаркишҳои шадид дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Бағдоди Ироқ 40 қурбониву 80 захмӣ дар пай гузошт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», инфиҷори аввал дар наздикии гузаргоҳи назоратии кормандони мақомоти полис дар митнақаи Адан ба вуқӯъ пайваста, бар асари ин ҳодиса 3 нигаҳбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҳалок ва 23 тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарии беморхона шуданд. Ҷинояткори номаълум автомашинаи ҳомили таҷҳизоти таркандаро дар мавзеи мазкур насб намуда, онро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардаст.

Гуфта мешавад, таркиши дуввум дар ноҳияи Ал-Аскани шаҳри Бағдод, дар наздикии марказҳои тиҷоратӣ ба қайд гирифта шуд, ки 5 қурбониву 11 маҷрӯҳ барҷой гузошт. Дар натиҷаи зарбаи сахти таркиш чанд автомобили канори ҷода ва дигар иншооти гирду атроф қисман ё пурра хароб гардиданд. Дар кӯчаи Ал-Амали шаҳри Бағдод террористони номаълум автомобили бо таҷҳизоти тарканда муҷаҳҳазро дар наздикии яке аз марказҳои тиҷоратӣ ва перомани биноҳои зисти сокинон мунфаҷир намуданд. Ин ҳодиса ба марги 5 нафар ва захмӣ шудани 7 каси дигар сабаб шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаҳои мушобеҳ дар дигар манотиқи Ироқ низ сурат гирифтанд, ки ба ҳалоку маҷрӯҳ шудани шумораи зиёди сокинон боис гардиданд. Масъулияти ин ҳодисаҳои даҳшатборро ягон гурӯҳ ё шахси алоҳида бардӯш нагирифтааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани омилони таркишҳо фаъолият мебаранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.