Раиси Суди олӣ: Ба баррасии муроҷиати ҲНИТ мо ваколатдор нестем

– Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахири моҳи май тариқи хаттӣ ба ман муроҷиат намуданд, то ки нисбати чанде аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ гӯё барои фишор болои аъзои ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз намоям, – гуфт раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳамади Шоҳиён зимни вохӯрӣ бо журналистон дар посух ба саволи хабарнигори […]

Аваз Юлдошев



– Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахири моҳи май тариқи хаттӣ ба ман муроҷиат намуданд, то ки нисбати чанде аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ гӯё барои фишор болои аъзои ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз намоям, – гуфт раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳамади Шоҳиён зимни вохӯрӣ бо журналистон дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс».

«Мақомоти судии кишвар умуман барои оғози парвандаи ҷиноӣ ваколатдор нестанд, ман мактуби ҲНИТ-ро ба Прокурори генералӣ ирсол намуда, баъди чанде ба он посух гирифтам ва дар навбати худ ин посухро ба ҲНИТ фиристодам», – қайд кард Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии ҳанӯз 27 июни соли 1997 дар Маскав баимзорасида миёни ҳукумат ва мухолифин то моҳи феврали соли 2000 комилан ба иҷро расиданд.

«Ман ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ аз ҳукумат бо масъулият изҳор медорам, ки тамоми даъвои мухолифин ба ҳукумат он вақт мусбат ҳаллу фасл шуда, дар ҷумҳурӣ маъракаи интихобот ба парлумон доир гардид, ҷангиёни мухолифин ба ҳайати сохторҳои давлатӣ шомил гардиданд ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ фазои озод фароҳам оварда шуд», – иброз дошт Шоҳиён.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки аз соли 2001 бо қарори Суди олии Тоҷикистон фаъолияти 16 ҳизби сиёсӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст, ки асосан терррористиву ифротгаро мебошанд, назири Ҳаракти исломии Ӯзбекистон, Толибон, ДИИШ, «Ихвон-ул-муслимин», «Гурӯҳи 24», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.