Боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон назди марзи Сурия

Газетаи маъруфи туркии «Миллиёт» (Milliyet) иттилоъ медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар автовокзали назди марз бо Сурия мақомоти амнияти Туркия 25 шаҳрванди хориҷиро боздошт намудаанд, ки ба Сурия раҳсипор будаанд. Бино ба маълумоти нашрия, аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки бо аҳли оилаашон сафари Сурия доштаанд. Зимни бозпурсӣ бархе аз боздоштшудагон изҳор доштаанд, […]

Аваз Юлдошев



Газетаи маъруфи туркии «Миллиёт» (Milliyet) иттилоъ медиҳад, ки нимаи дуюми рӯзи 12 июл дар автовокзали назди марз бо Сурия мақомоти амнияти Туркия 25 шаҳрванди хориҷиро боздошт намудаанд, ки ба Сурия раҳсипор будаанд.

Бино ба маълумоти нашрия, аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки бо аҳли оилаашон сафари Сурия доштаанд.

Зимни бозпурсӣ бархе аз боздоштшудагон изҳор доштаанд, ки ба Сурия ба муҳоҷират мераванд ва чандеи дигар иқрор шудаанд, ки ба он ҷо барои пайвастан ба сафҳои ДИИШ сафар доштаанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи бозоштшудагон баъди муоинаи тиббӣ дар тавқифгоҳи муваққатии зиддитеррористии мақомоти пулис ҷойгир шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшудагон ба кишварҳои будубоши доимиашон истирдод хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.