Исфара: Як зани қаблан барои нашъаҷаллобӣ маҳкумшуда боз ба шуғли пешина даст зад



Кормандони Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ ду сокини шаҳри Исфара – зани 42 сола ва марди 41-соларо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, зани боздоштшуда қаблан низ барои нашъаҷаллобӣ маҳкум шуда будааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтуков аз боздоштшудагон беш аз 10 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное