Шоҳиён: Ба ман оид ба пеш аз муҳлат озод кардани Ёқуб Салимов муроҷиат накардаанд

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон иттилоъ дод, ки ба ӯ аз собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов ҷиҳати пеш аз муҳлат озод карданаш аз зиндон дар робита ба беморӣ муроҷиатнома нарасидааст. Ба гуфтаи ӯ, барои пеш аз муҳлат озод кардани маҳбуси бемор аввал бояд сардори ин муасисаи ислоҳӣ ба суди […]

Аваз Юлдошев



Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон иттилоъ дод, ки ба ӯ аз собиқ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Ёқуб Салимов ҷиҳати пеш аз муҳлат озод карданаш аз зиндон дар робита ба беморӣ муроҷиатнома нарасидааст.

Ба гуфтаи ӯ, барои пеш аз муҳлат озод кардани маҳбуси бемор аввал бояд сардори ин муасисаи ислоҳӣ ба суди маҳалли ҷойгиршавии зиндон муроҷиат намояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буданд, ки муҳлати ҷазои Ёқуб Салимов моҳи декабри соли 2015 ба итмом мерасад.

«Давоми 6 моҳи соли равон Суди олии Тоҷикистон 6 шаҳрванди кишварро барои одамкушӣ маҳкум кард. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ба 12 нафар баробар буд», – қайд кард Шоҳиён.

Раиси Суди олии ҶТ ҳамчунин изҳор намуд, ки соли 2015 судҳои Тоҷикистон 27 нафар шаҳрвандони хориҷиро асосан ба ҷурми қаллобӣ маҳкум кардаанд.

«Аз оғози сол бинобар сабаби ба нафақа баромадан 12 нафар роҳбарон ва судяҳои Суди олӣ курсиҳои худро тарк карданд», – гуфт раиси Суди олии ҷумҳурӣ.

Имрӯз ӯ ба судяҳои Суди олӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳо бо ВАО ва дар баробари ин саҳми худро гузоштан ба болоравии саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ дастур дод.

Шоҳиён имрӯз ҳамчунин ба судяҳои Суди олӣ дастур дод, ки журналистонро ба ҳамаи мурофиаҳои кушод роҳ диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.