Исфара: Як зани қаблан барои нашъаҷаллобӣ маҳкумшуда боз ба шуғли пешина даст зад

Кормандони Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ ду сокини шаҳри Исфара – зани 42 сола ва марди 41-соларо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, зани боздоштшуда қаблан низ барои нашъаҷаллобӣ маҳкум шуда будааст. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтуков аз боздоштшудагон беш аз 10 […]

Аваз Юлдошев



Кормандони Вазорати умури дохилаи ҷумҳурӣ ду сокини шаҳри Исфара – зани 42 сола ва марди 41-соларо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, зани боздоштшуда қаблан низ барои нашъаҷаллобӣ маҳкум шуда будааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтуков аз боздоштшудагон беш аз 10 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.