Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сарбоз



Аз рӯи далели марги сарбози 18-солаи баҳори имсол ба хизмат даъватшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки то замони дастрас шудани натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббӣ оид ба сабабҳои марги сарбоз мақомоти марзбонии кишвар аз шарҳу тавзеҳи ин масъала худдорӣ варзида буд. «Агар дар марги сарбоз ҳамхизматонаш даст дошта бошанд, гунаҳкорон назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», – зикр кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов рӯзи 6 июл ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шуд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ

аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб

ба ҳалокат расидааст.

spot_imgspot_img

Популярное