Оғози мотопойгаи «Мо тоҷиконем» дар Душанбе

Рӯзи 15 июл дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт маросими гусел ва ба сафар баромадани мотосиклронҳои тоҷик Фарҳод Калонов, Ҷамшед Розиқов ва Фариз Нурмуҳаммедов  – иштирокчиёни пойгаи ватандӯстона таҳти унвони «Мо тоҷиконем» баргузор мешавад. Иштирокчиёни ин пойга тариқи 428 шаҳрҳои 8 кишвари ҷаҳон – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Абхозистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Турманистон 8 ҳазор километро роҳро […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15 июл дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт маросими гусел ва ба сафар баромадани мотосиклронҳои тоҷик Фарҳод Калонов, Ҷамшед Розиқов ва Фариз Нурмуҳаммедов  – иштирокчиёни пойгаи ватандӯстона таҳти унвони «Мо тоҷиконем» баргузор мешавад.

Иштирокчиёни ин пойга тариқи 428 шаҳрҳои 8 кишвари ҷаҳон – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Абхозистон, Гурҷистон, Озарбойҷон ва Турманистон 8 ҳазор километро роҳро тай хоҳанд кард.

«Мо хеле умедворем, ки ин иқдом ба афзоиши нуфузу имиҷи Тоҷикистон ва муттаҳид шудани кишварҳо ва мардуми гуногуне, ки қаламрави кишварашонро мо убур мекунем, мусоидат хоҳад кард», – гуфт созмондеҳ ва иштирокчии мотопойга Фарҳод Калонов.

Ба туфайли дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон барои иштирокчиёни пойга бо тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар вохӯриҳо ташкил карда мешаванд.

«Дар сафар мо бо ҳамватанонамон дар консулгариҳои Тоҷикистон дар кишварҳо дидору мулоқот мекунем ва ба ин фикрем, ки бисёриҳо ба вохӯрӣ меоянд, чунки дур аз ватан ҳама инсонҳо пазмони он мешаванд ва мо як қисмате аз Тоҷикистонро бо худ мебарем. Вазифаи мо рӯҳбаланду зиндадил сохтани ҷавонони мо дар хориҷи кишвар аст», – афзуд Калонов.

Қобили зикр аст, ки мотопойгаи «Мо тоҷиконем» бори нахуст доир гардида, муддати як моҳ идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.