Нигаронии прокурори Хатлон аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ

Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят нигаронӣ изҳор намуд. «Ман ҳамчун прокурори вилоят аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоят (8 ҳодиса бештар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014) дар ташвишам. Дар ҳамин ҳол, синни афроде, ки ба худкушӣ даст мезананд, дар муқоиса бо соли гузашта […]

Сайраҳмон Назриев



Зимни нишасти хабарии имрӯза прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар қаламрави вилоят нигаронӣ изҳор намуд.

«Ман ҳамчун прокурори вилоят аз афзоиши ҳодисаҳои худкушӣ дар вилоят (8 ҳодиса бештар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2014) дар ташвишам. Дар ҳамин ҳол, синни афроде, ки ба худкушӣ даст мезананд, дар муқоиса бо соли гузашта хеле ҷавонтар шудааст. Аз 87 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он 31-тоаш аз ҷониби ноблиғон содир шудааст», – иброз дошт прокурори вилоят.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба 7 ҳодиса аз рӯи далели то худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, ба баррасии суд ирсол гардидаанд ва таҳқиқи пешакии парвандаҳои ҷиноии боқимонда идома дорад.

«Ояндаи наздик масъалаи мазкурро мо дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баррасӣ карданием,то сабабҳои афзоиши чунин ҳодисаҳо ва роҳандозии тадбирҳои пешгирии онҳоро дарёбем», – афзуд прокурор.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.