Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги сарбоз

Аз рӯи далели марги сарбози 18-солаи баҳори имсол ба хизмат даъватшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод. Ӯ […]

Аваз Юлдошев



Аз рӯи далели марги сарбози 18-солаи баҳори имсол ба хизмат даъватшуда Абдуваҳҳоб Қаюмов, ки дар дар қисми ҳарбии 2747-и дастаи марзбонии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Хатлон парвнадаи ҷиноӣ боз шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

Ӯ қайд кард, ки то замони дастрас шудани натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббӣ оид ба сабабҳои марги сарбоз мақомоти марзбонии кишвар аз шарҳу тавзеҳи ин масъала худдорӣ варзида буд. «Агар дар марги сарбоз ҳамхизматонаш даст дошта бошанд, гунаҳкорон назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт», – зикр кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов рӯзи 6 июл ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шуд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ

аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб

ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.