Раиси Суди олӣ: Ба баррасии муроҷиати ҲНИТ мо ваколатдор нестем



– Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ахири моҳи май тариқи хаттӣ ба ман муроҷиат намуданд, то ки нисбати чанде аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ гӯё барои фишор болои аъзои ҳизб парвандаи ҷиноӣ боз намоям, – гуфт раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳамади Шоҳиён зимни вохӯрӣ бо журналистон дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс».

«Мақомоти судии кишвар умуман барои оғози парвандаи ҷиноӣ ваколатдор нестанд, ман мактуби ҲНИТ-ро ба Прокурори генералӣ ирсол намуда, баъди чанде ба он посух гирифтам ва дар навбати худ ин посухро ба ҲНИТ фиристодам», – қайд кард Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллии ҳанӯз 27 июни соли 1997 дар Маскав баимзорасида миёни ҳукумат ва мухолифин то моҳи феврали соли 2000 комилан ба иҷро расиданд.

«Ман ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ аз ҳукумат бо масъулият изҳор медорам, ки тамоми даъвои мухолифин ба ҳукумат он вақт мусбат ҳаллу фасл шуда, дар ҷумҳурӣ маъракаи интихобот ба парлумон доир гардид, ҷангиёни мухолифин ба ҳайати сохторҳои давлатӣ шомил гардиданд ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ фазои озод фароҳам оварда шуд», – иброз дошт Шоҳиён.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки аз соли 2001 бо қарори Суди олии Тоҷикистон фаъолияти 16 ҳизби сиёсӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст, ки асосан терррористиву ифротгаро мебошанд, назири Ҳаракти исломии Ӯзбекистон, Толибон, ДИИШ, «Ихвон-ул-муслимин», «Гурӯҳи 24», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра.

spot_imgspot_img

Популярное