Прокурори генералӣ таъмини риояи қонун дар артишро талаб кард



Зимни машварати корӣ дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ прокурори генералии Ттоҷикистон Юсуф Раҳмон ба прокуророни ҳарбӣ дастур дод, ки аз ҷалбу пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии кишвар ба сафҳои созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро пешгирӣ карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ба ин монанд машваратҳо дар тамоми гарнизонҳои ҳарбии кишвар гузаронида мешаванд.

«Прокуророни ҳарбӣ оид ба роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт дар тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусалалҳи Тоҷикистон вохӯриву мулоқотҳо барпо мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар машварат ҳамчунин масъалҳои риояи бечуну чарои қонун ва низомномаҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳу воситаҳои аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ миёни сарбозон ва афсарон низ баррасӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное