Прокурори генералӣ таъмини риояи қонун дар артишро талаб кард

Зимни машварати корӣ дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ прокурори генералии Ттоҷикистон Юсуф Раҳмон ба прокуророни ҳарбӣ дастур дод, ки аз ҷалбу пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии кишвар ба сафҳои созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро пешгирӣ карда шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ба ин монанд машваратҳо […]

Аваз Юлдошев



Зимни машварати корӣ дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ прокурори генералии Ттоҷикистон Юсуф Раҳмон ба прокуророни ҳарбӣ дастур дод, ки аз ҷалбу пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии кишвар ба сафҳои созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро пешгирӣ карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ба ин монанд машваратҳо дар тамоми гарнизонҳои ҳарбии кишвар гузаронида мешаванд.

«Прокуророни ҳарбӣ оид ба роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт дар тамоми қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусалалҳи Тоҷикистон вохӯриву мулоқотҳо барпо мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар машварат ҳамчунин масъалҳои риояи бечуну чарои қонун ва низомномаҳо аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳу воситаҳои аз байн бурдани муносибатҳои ғайриоиномавӣ миёни сарбозон ва афсарон низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.