Фаронса дар Душанбе манораи 36-метра месозад

Рӯзи 13 июл дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода  ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Диде Леруа Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба сохтмони манораи  назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо ба имзо расониданд. Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 36-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи 13 июл дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода  ва сафири Фаронса дар Тоҷикистон Диде Леруа Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Фаронса оид ба сохтмони манораи  назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон оид ба сохтмони манораи 36-метраи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мувофиқа ҳосил шуда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони фаронсавӣ таҳия шуда, барои амалисозии он 3,5 млн. евро маблағ зарур аст. Лоиҳа аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ амалӣ мешавад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ аз замони ба имзо расидани созишнома дуҷониба муқаррар шудааст.

«Бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани манораи  назоратӣ-диспетчерӣ ба дӯши корхонаи «Тоҷикаэронавигатсия» вогузор шудааст», – гуфтанд дар Вазорат.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.