Яке аз корхонаҳои бузурги коркарди нахи пахта дубора ба фаъолият оғоз мекунад

Яке аз корхонаҳое, ки тибқи супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд пахтаи ватаниро коркарда намуда, дубора фаъолитяи худро роҳандозӣ намояд, корхонаи «Каабоол Тоҷик-текстайлз» аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, баъди баррасии чанд лоиҳаи азнавбарқарор намудани коргоҳ, бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло корҳои эҳё ва азнавсозии дар ин корхона шурӯъ […]

ASIA-Plus



Яке аз корхонаҳое, ки тибқи супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд пахтаи ватаниро коркарда намуда, дубора фаъолитяи худро роҳандозӣ намояд, корхонаи «Каабоол Тоҷик-текстайлз» аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, баъди баррасии чанд лоиҳаи азнавбарқарор намудани коргоҳ, бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳоло корҳои эҳё ва азнавсозии дар ин корхона шурӯъ шудааст.

Гуфта мешавад, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулини дахлдори ҳукумати шаҳр ба корхонаи мазкур омад. Корхонаи муштараки мазкур, ки давоми чанд соли фаъолият нахи пахта ва матои босифат истеҳсол менамуд, аз соли 2008 аз фаъолият монда буд. Дар корхона зиёда 2300 нафар дар се баст машғули кор буда, бо маоши хуб таъмин буданд.

Ҳоло дар заминаи корхонаи мазкур ҶСШП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ» таъсис ёфта, зиёда аз 70 нафар мутахассисон ба корҳои барқарор намудан ва ивази қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти мавҷуда машғуланд. Корҳои омодасозӣ ба фаъолияти дубора бо роҳбарии мутахассисони олмонӣ аз ширкати «BIMAKO» сурат гирифта, то имрӯз корҳои асосии накшавӣ дар марҳилаи анҷомёбианд.

Корхона ният дорад баъди анҷоми корҳои азнавсозӣ дар марҳилаи аввал истеҳсоли нахи пахтаро ба роҳ монда, зиёда аз 500 нафарро бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки қаблан ба кор бояд онҳое даъват шаванд, ки қаблан дар ин коргоҳ фаъолияти меҳнатӣ доштанд. Ҳамчунин барои бозомӯзии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Коргоҳ ният дорад то интиҳои охири моҳи равон корҳои омодасозиро ба анҷом расонда, аз нимаи моҳи август фаъолияти худро дубора оғоз намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.