Саидзода: Нархи метри мураббаъи манзил дар Душанбе 300 $ поин рафт



– Дар нимсолаи аввали соли равон нархи як метри мураббаъи манзил дар пойтахт ҷумҳурӣ 300 доллари ИМА поин рафт ва сабаби аслии он буҳрони иқтисодӣ аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби дигари поинравии арзиши манзил авҷи сохтмонҳои гуногун аст, ки шаҳри Душанберо фаро гирифтааст. «Масалан, агар соли гузашта арзиши 1 метри мурббаъи хона дар Душанбе аз 500 то 1200 доллари ИМА-ро ташкил медод, пас соли 2015 он ба аз 450 то 800 доллари ИМА баробар шуд», – гуфт ӯ.

Муовини аввали раиси Кумита қайд кард, ки нархи манзил дар пойтахт ба макони ҷойгиршавии он вобаста аст. «Дар манзилҳои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ нархҳои баланд боқӣ монда, як метри мураббаъи хона дар минтақаи назди фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) аз 1400 то 1800 доллари ИМА ва дар мавзеи фурудгоҳ бошад, аз 600 то 800 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – изҳор намуд Н.Саидзода.

Номбурда ҳамчунин гуфт, манзилҳои наве, ки айни замон дар пойтахт қомат меафрозанд, «ба ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ буда, соҳибони ояндаи он набояд аз ин масъала дар ташвиш бошанд».

spot_imgspot_img

Популярное