Суғд: Таҳқиқи якчанд фарзия дар куштори майори милиса

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода дар робита ба қатли майори милиса дар ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дод, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 243 (Таҳқири ҷасади фавтидагон ва  гӯри онҳо)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса […]

Мавлуда Рофиева



Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода дар робита

ба қатли майори милиса

дар ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дод, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 243 (Таҳқири ҷасади фавтидагон ва  гӯри онҳо)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ӯ чунин гуфт: «Субҳи рӯзи 13 июл дар қаламрави ҷамоати Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади сӯхтаи корманди шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан, майори милиса Бахтиёр Нарзуллоеви 35-сола, сокини ҳамин ҷамоат бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захму бурида дарёфт шуд».

Назарзода қайд кард, ки марҳум дорои маълумоти олӣ буда, соли 2011 Академияи ВКД-ро хатм кардааст ва аз соли 1997 дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дошта, аз моҳи янывари соли 2015 ба мансаби ахираш таъин гардида буд ва соҳиби ду фарзанд аст.

«Айни замон барои таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, онҳо ба вазири корҳои дохилии кишвар ва ба ман аз натиҷаҳои корашон маълумот медиҳанд. Тафтиш аз рӯи якчанд фарзия ҷараён дошта, дар бораи натиҷаҳои он иловатан ба ВАО хабар медиҳем», – афзуд Ш.Назарзода. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.