Саидзода: Нархи метри мураббаъи манзил дар Душанбе 300 $ поин рафт

– Дар нимсолаи аввали соли равон нархи як метри мураббаъи манзил дар пойтахт ҷумҳурӣ 300 доллари ИМА поин рафт ва сабаби аслии он буҳрони иқтисодӣ аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода. Ба гуфтаи ӯ, сабаби дигари поинравии арзиши манзил авҷи сохтмонҳои гуногун […]

Мавзуна Абдуллоева



– Дар нимсолаи аввали соли равон нархи як метри мураббаъи манзил дар пойтахт ҷумҳурӣ 300 доллари ИМА поин рафт ва сабаби аслии он буҳрони иқтисодӣ аст, – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби дигари поинравии арзиши манзил авҷи сохтмонҳои гуногун аст, ки шаҳри Душанберо фаро гирифтааст. «Масалан, агар соли гузашта арзиши 1 метри мурббаъи хона дар Душанбе аз 500 то 1200 доллари ИМА-ро ташкил медод, пас соли 2015 он ба аз 450 то 800 доллари ИМА баробар шуд», – гуфт ӯ.

Муовини аввали раиси Кумита қайд кард, ки нархи манзил дар пойтахт ба макони ҷойгиршавии он вобаста аст. «Дар манзилҳои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ нархҳои баланд боқӣ монда, як метри мураббаъи хона дар минтақаи назди фурӯшгоҳи марказӣ (ЦУМ) аз 1400 то 1800 доллари ИМА ва дар мавзеи фурудгоҳ бошад, аз 600 то 800 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», – изҳор намуд Н.Саидзода.

Номбурда ҳамчунин гуфт, манзилҳои наве, ки айни замон дар пойтахт қомат меафрозанд, «ба ҳамаи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ буда, соҳибони ояндаи он набояд аз ин масъала дар ташвиш бошанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.