Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти нимсола сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назарзода дар робита
ба қатли майори милиса
дар ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дод, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 243 (Таҳқири ҷасади фавтидагон ва гӯри онҳо)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ӯ чунин гуфт: «Субҳи рӯзи 13 июл дар қаламрави ҷамоати Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади сӯхтаи корманди шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан, майори милиса Бахтиёр Нарзуллоеви 35-сола, сокини ҳамин ҷамоат бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захму бурида дарёфт шуд».
Назарзода қайд кард, ки марҳум дорои маълумоти олӣ буда, соли 2011 Академияи ВКД-ро хатм кардааст ва аз соли 1997 дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият дошта, аз моҳи янывари соли 2015 ба мансаби ахираш таъин гардида буд ва соҳиби ду фарзанд аст.
«Айни замон барои таҳқиқи ин ҳодиса гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, онҳо ба вазири корҳои дохилии кишвар ва ба ман аз натиҷаҳои корашон маълумот медиҳанд. Тафтиш аз рӯи якчанд фарзия ҷараён дошта, дар бораи натиҷаҳои он иловатан ба ВАО хабар медиҳем», – афзуд Ш.Назарзода.



