Сохтмони бинои ШВКД-и Хоруғ дар арафаи анҷомёбист



Дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои нави Шуъбаи ВКЛ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тарҳи бинои ояндаи ШВКД бо назардошти шароитҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ омода гашта, корҳои сохтмонии ин иншоот босуръат идома доранд. «Масолеҳи сохтмонӣ сари вақт таъмин гашта, сохтмончиён кӯшиш доранд, иншоотро дар мӯҳлати пешбинишуда сохта, ба истифода диҳанд», – омадааст дар хабари вазорат.

Гуфта мешавад, вазири корҳои дохилӣ оид ба ҷоннок намудани корҳои сохтмонӣ ва диққати бештар додан ба сатҳу сифати он ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Қобили зикр аст, ки сафари кории вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода ба ВМКБ аз 18 июл ҷараён дорад.

Ёдрас мекунем, ки бинои пешинаи ШВКД-и шаҳри Хоруғ ҳангоми бетартибиҳои оммавии моҳи майи соли 2014 дар шаҳр пурра ба коми оташ рафта буд.

spot_imgspot_img

Популярное