Селобаҳои навбатӣ дар деҳаи осебдидаи ВМКБ

Шаби гузашта дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бори навбатӣ селобаҳо ҷорӣ шуданд. Сухангӯи раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ҷоришавии ин селобаҳо як муддате маҷрои дарёи Ғунд боз баста шуд. Ба гуфтаи ӯ, аз кӯли сунъие, ки дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобаҳои тайи чанд рӯзи ахир пайдо […]

Пайрав Чоршанбиев



Шаби гузашта дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бори навбатӣ селобаҳо ҷорӣ шуданд.

Сухангӯи раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари ҷоришавии ин селобаҳо як муддате маҷрои дарёи Ғунд боз баста шуд.

Ба гуфтаи ӯ, аз кӯли сунъие, ки дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобаҳои тайи чанд рӯзи ахир пайдо шудааст, об ҷорӣ шуда, айни замон бо маҷро ба поён меравад. «Айни замон хатари ҷамъшавии минбаъдаи об дар обанбори сунъӣ вуҷуд надорад», – гуфт ӯ.

Дар идома номбурда зикр кард, ки вале то ҳол такроран фаромадани сангпораҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад, ки метавонанд маҷрои дарёро банданд.

Ӯ таъкид дошт, ки бари селобае, ки маҷрои дарёи Ғундро бастааст, айни замон то 1 километр расида, дарозии обанбори сунъии пайдошуда ҳудуди 2 километрро ташкил медиҳад.

Раҳмонқулов қайд кард, ки тибқи маълумоти пешакӣ, наздики 60 манзил зери об мондааст. «Мардуми аз манзил маҳрумшуда муваққатан дар хаймашаҳраки деҳаи наздики Манем иқомат доранд», – афзуд ӯ.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки вазъи баамаломада дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ бар асари офати табиӣ

тадриҷан ба эътидол омада,

сатҳи об дар кӯли пайдошуда дар натиҷаи фаромадани селу лойқа тайи рӯзҳои ахир ба таври назаррас поин рафтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.