Тибқи маълумоти фаврӣ, айни замон 30 нафар ноболиғон аз вилояти Хатлон дар Ироқу Сурия ҳузур доранд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, давоми нимсолаи аввал кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят муайян кардаанд, ки 124 нафар сокинони вилоят дар Ироқу Сурия қарор дошта, дар сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро меҷанганд.
«Нисбати 118 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, оид ба қазияи боқимондаҳо тафтишот ҷараён дорад. Аз ин шумор 30 нафарашон ноболиғон ва 25 тан аз онҳо занон мебошанд», – иброз дошт ӯ.
Номбурда изҳор намуд, ки тибқи маълумоти фаврӣ, дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Ироқу Сурия 29 нафар сокинони вилояти Хатлон ҳалок шудаанд. «Аммо гуфтаниам, ки ахиран шаҳрвандони мо дарк кардаанд, ки он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест ва ба ватан бармегарданд. То имрӯз 7 сокини вилояти Хатлон, ки қаблан ба Ироқу Сурия рафта буданд, ба ватан баргаштанд», – афзуд сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.



