Қоҳир Расулзода ба кумак ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ даъват кард

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷумҳурӣ кумак кунанд. Дар маълумоти ҳукумати кишвар дар ин робита гуфта мешавад, рӯзи душанбе Қоҳир Расулзода бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карда, ба онҳо оид ба сабаб, вазъи […]

Пайрав Чоршанбиев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷумҳурӣ кумак кунанд.

Дар маълумоти ҳукумати кишвар дар ин робита гуфта мешавад, рӯзи душанбе Қоҳир Расулзода бо намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карда, ба онҳо оид ба сабаб, вазъи кунунӣ ва оқибатҳои офатҳои табиии рӯзҳои охир ва зиёни расида аз он ба мардум ва иқтисодиёти Тоҷикистон маълумот дод. Таъкид шуд, ки тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, хисороти расида ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби офатҳои табиӣ то имрӯз беш аз 50 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Расулзода қайд кард, ки бар асари офатҳои табиии рӯзҳои ахир дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷу Дарвоз ва Рӯшони ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд, Панҷ, Ҳамадонӣ, Бохтар ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи минтақаи Рашт ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шумораи зиёди манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншооти таъиноти гуногун хароб гардида, мушкилоти зиёде пешорӯ гузоштаанд.

Ӯ аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват кард, ки дар масъалаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.

«Дар навбати худ намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, кишварҳои мададрасон ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба иштирок ва кумак дар корҳои барқарорсозӣ ва рафъи оқибатҳои офатӣ табиӣ дар Тоҷикистон омодагӣ изҳор намуданд», – зикр мегардад дар маълумоти ҳукумат.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.