Муҳиддин Кабирӣ 50-сола шуд

Сиёсатмадори тоҷик Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20 июл 50-сола шуд. Муддати нуҳ сол аст, ки ӯ ба ҳайси раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ба ин мансаб ӯ соли 2006 баъди даргузашти муассиси ҲНИТ Сайид Абулло Нурӣ интихоб шуд. Маркази исломии таҳқиқоти Шоҳигарии Уммон соли 2012 Муҳиддин Кабириро ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони пурнуфузи ҷаҳон […]

ASIA-Plus


Сиёсатмадори тоҷик Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 20 июл 50-сола шуд. Муддати нуҳ сол аст, ки ӯ ба ҳайси раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ба ин мансаб ӯ соли 2006 баъди даргузашти муассиси ҲНИТ Сайид Абулло Нурӣ интихоб шуд. Маркази исломии таҳқиқоти Шоҳигарии Уммон соли 2012 Муҳиддин Кабириро ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони пурнуфузи ҷаҳон шомил кард.

Чанд иқтибос аз изҳороти М.Кабирӣ дар замонҳои гуногунро манзуратон мегардонем, ки бозгӯи бархе аз тассавурот оид ба дидгоҳҳои сиёсии ӯ ва мавқеъи ҲНИТ мебошанд:


«Шумо метавонед моро барои ошкор танқид накардани ҳукумат ҳар чӣ қадаре, ки дилатон мехоҳад, танқид кунед. Вале мо талош мекунем, масъалагузории истеъфоро то пухта расидани худи элитаи ҳоким истифода набарем….Мо мехоҳем кумак кунем, ки онҳо ба по рост истанд ва дар хидмати мардум бошанд. Бубинед ҳоли нафареро, ки дар лаби ҷар истодааст. Эҳтимол дорад биафтад, эҳтимол дорад наҷот ёбад. Агар саросемааш кунед, ҳатман ба ҷои он ки ба тарафи наҷот ҳаракат кунад, ба тарафи ҷарӣ меравад. Фарқи ба варта афтидани як нафар аз афтидани ҳукумат дар он аст, ки як нафар худаш меравад, вале ҳукумат ба танҳоӣ намеравад. Миллат ва кишварро аз қафояш ба ҷарӣ мебарад…”


” Элитаи сиёсӣ бояд тарзе ташаккул ёбад, ки худро ҳам дар ҳокимият ва ҳам дар мухолифат тасаввур карда тавонаду омода бошад дар ҳар ҳолат ба миллаташ хидмат кунад. Элитаи имрӯзаи ҳоким дар Осиёи Марказӣ худро ба ҳеҷ ваҷҳ дар оппозитсия ва дар ҳолати беҳукуматӣ тасаввур карда наметавонад”….


“Оини ҷавонмардӣ кодексу созишнома надорад, ки бигӯем тибқи ин оин бояд чунин намешуд”….


“Миллати ташаккулёфта ва пешрафта аз қавму қабила бо он фарқ менамояд, ки чандон ниёз ба пешвои қавӣ надорад, чун арзишҳо ва қонунҳои мадании ҷомеаро танзим менамояд, на иродаи шахсиятҳо. Ҳар қавме ниёз ба “дасти зӯр” дорад, пеш аз миллат номиданаш бояд каме истиҳола кунад”….


“Ходими миллат будан бамаротиб беҳтар аз он аст, ки пешвои тӯда бошед”…


“Мо ошкор мегӯем, аз дасти ҳукуматдорони имрӯза ҳокимиятро гирифтанӣ нестем. Фақат мегӯем, ки дурусттар давлатро идора кунед, то мардум бовариашро аз даст надода, “бас!” нагӯяд”…

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.