Ҳалокати 3 нафар бар асари офати табиӣ дар Ванҷ

Бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ на кам аз 3 тан ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Котиби матбуотии раиси вилоят Нилуфар Асламшоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷамоати Водхурди ноҳияи Ванҷ маҷрои селоба автомашинаи «Старекс»-ро пӯшонидаааст, ки дар дохили он 5 нафар қарор […]

Пайрав Чоршанбиев



Бар асари фаромадани сел дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ на кам аз 3 тан ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Котиби матбуотии раиси вилоят Нилуфар Асламшоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷамоати Водхурди ноҳияи Ванҷ маҷрои селоба автомашинаи «Старекс»-ро пӯшонидаааст, ки дар дохили он 5 нафар қарор доштаанд. Дар натиҷа се нафар ҳалок шуда, боз ду тан аз онҳо бедарак шудаанд.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар деҳаи Лугади ҷамоати Водхуди ин ноҳия экскаватор ва ду автомашинаи боркаш зери маҷрои селоба монда, айни замон ҷустуҷӯи яке аз ронандагони автомашинаҳо идома дорад.

Асламшоева қайд кард, ки бар асари фаромадани сел ба деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ баста шуда, айни замон корҳои барқароркунии таъмини ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳ ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар хадамоти матбуоти раиси вилоят изҳор доштанд, ки дар ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз маҷрои селоба ду пули раҳгузар ва дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон якчанд биноҳои навсохтаро хароб кардааст. «Дар ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон низ селфароӣ ба қайд гирифта шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади роҳандозии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ субҳи имрӯз муовини нахуствазири кишвар Азим Иброҳим ба ноҳияи Дарвоз омадааст. «Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов низ дар роҳ ба ин ноҳия аст», – афзуд ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.