Ҳузури 30 нафар ноболиғони Хатлон дар Ироқу Сурия

Тибқи маълумоти фаврӣ, айни замон 30 нафар ноболиғон аз вилояти Хатлон дар Ироқу Сурия ҳузур доранд. Бино ба иттилои сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, давоми нимсолаи аввал кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят муайян кардаанд, ки 124 нафар сокинони вилоят дар Ироқу Сурия қарор дошта, дар сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро меҷанганд. «Нисбати 118 […]

Сайраҳмон Назриев



Тибқи маълумоти фаврӣ, айни замон 30 нафар ноболиғон аз вилояти Хатлон дар Ироқу Сурия ҳузур доранд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода, давоми нимсолаи аввал кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят муайян кардаанд, ки 124 нафар сокинони вилоят дар Ироқу Сурия қарор дошта, дар сафҳои гурӯҳҳои ифротгаро меҷанганд.

«Нисбати 118 нафари онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, оид ба қазияи боқимондаҳо тафтишот ҷараён дорад. Аз ин шумор 30 нафарашон ноболиғон ва 25 тан аз онҳо занон мебошанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда изҳор намуд, ки тибқи маълумоти фаврӣ, дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Ироқу Сурия 29 нафар сокинони вилояти Хатлон ҳалок шудаанд. «Аммо гуфтаниам, ки ахиран шаҳрвандони мо дарк кардаанд, ки он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест ва ба ватан бармегарданд. То имрӯз 7 сокини вилояти Хатлон, ки қаблан ба Ироқу Сурия рафта буданд, ба ватан баргаштанд», – афзуд сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.