Шаҳрванди Чин Ин Сюан-дэ, директори ҶДММ «Сад дарё», ки ба корманди Агентии зиддифасоди Тоҷикистон 3 млн. сомонӣ пора пешниҳод намуд, боздошт шуд.
Сухангӯи Агентии зиддифасод Олим Забирзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни санҷиши фаъолияти ширкат дар давраи аз соли 2011 то нимсолаи аввали соли 2015 далелҳои сершумори изофанависӣ, дуздии воситаҳои пулӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва дигар ҷиноятҳои молиявӣ ошкор шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, аввали моҳи июли соли 2015 роҳбари корхонаи «Сад дарё» ҳамроҳ бо тарҷумони худ Улуғбек Аҳроров барои рӯйпӯш сохтани ин ҷиноятҳои иқтисодии содиршуда ба корманди Агентӣ ба сифати пора 3 млн. сомонӣ маблағ пешниҳод карда, рӯзи 16 июл директори корхона ва тарҷумони ӯ ҳангоми додани пора дастгир шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати директори корхона мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 320 (Пора додан ё кӯшиши порадиҳӣ ба шахси мансабдор) -и КҶ ҶТ ва тарҷумон барои огоҳ накардан парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.



